БҶ: Тоҷикистон бояд мустақилона роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷиратро дарёбад

Дата:


Роҳбари барномаи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сударшан Канагараҷа бар ин назар аст, ки Тоҷикистон як вазъи беҳамтои муҳоҷиратро доро буда, ҳеҷ яке аз вазъҳои мавҷудаи ҷаҳон дар ин самт ба он шабоҳат надоранд.

Зимни вохӯрии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Сударшан Канагараҷа бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев, ӯ изҳор кард, ки Тоҷикистон бояд мустақилона роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷиратро дарёбад.

Дар ҳамин ҳол, Канагараҷа зикр кард, ки «дар ин самт Тоҷикистон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба дастовардҳои назаррас ноил гардид».

«Ба гунаи мисол метавон гуфт, аксари масоилеро, ки Тоҷикистон дар мудддати як сол ба ҳалли он муваффақ гардид, Филиппин дар 10 сол ҳал намуд, – таъкид дошт ӯ. – Аммо дар бозори байнулмилалии меҳнат рақобат барои қувваи корӣ ба марҳилаи нисбатан шадидтар мегузарад, вале Тоҷикистон ба он ҳанӯз омода нест».

Роҳбари гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ чунин мешуморад, ки бо назардошти мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистон дар масоили муҳоҷират, таъсиси марказҳои омодагии то ба муҳоҷират рафтан зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, мушовири Бонки ҷаҳонӣ Томас Ачакосо қайд кард, ки муҳоҷирати корӣ сарчашмаи асосии рушди иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба андешаи ӯ, имрӯз ҷумҳурӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳал намудани маҷмӯи васеи масъалаҳо дар ин самт бояд чораҳои муассир биандешад. «Дарёфти чунин роҳҳои ҳалли масъала зарур аст, ки бо талаботи байнулмилалӣ созгор бошанд», – афзуд ӯ.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное