Аз маълумоти Агентии омори ИДМ оид ба натоиҷи нимсолаи соли 2012 бармеояд, ки дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,4 афзуда, он бештар ба истеъмол марбут аст, – изҳор доштааст сардори шуъбаи таҳлили кишварии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Элвира Курманалиева.
«Афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12% назаррас буда, бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот дар саноати бофандагиву дӯзандагӣ (1,9 баробар) ва саноати хӯрокворӣ (4,5%) таъмин гардидааст», – гуфтааст вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат бозистии начандон назарраси рушди иқтисод аз 7,4% дар соли 2011 то ба ҳудуди 6-6,5% дар соли равонро метавон интизорӣ дошт.
«Пеш аз ҳама ин ба бозистии умумии рушди иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла бозистии рушди иқтисоди кишварҳои асосии ҳамшарики Тоҷикистон ва давлатҳои мададрасон вобаста аст», – гуфтааст таҳлилгари БАОР.
Ба қавли Э.Курманалиева, солҳои ахир муҳаррики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон бахши истеъмол – савдо, сохтмон ва соҳаи хизматгузорӣ аст, ки дар навбати худ ба интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар вобастагии зиёд доранд.
Таҳлилгари бонки мазкур бар ин назар аст, ки заъифии бахши бонкӣ ва сатҳи назарраси дороиҳои истифоданашуда дар бахши бонкӣ боз яке аз хатарҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.