Интиқоди президент аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Хоруғ

Дар ҳошияи сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷинояткории муташаккили гурӯҳӣ, баланд бардоштани омодагии касбии кормандони мақомоти давлатӣ, […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷинояткории муташаккили гурӯҳӣ, баланд бардоштани омодагии касбии кормандони мақомоти давлатӣ, дуруст ҷо ба гузоштани кадрҳои роҳбарӣ ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар миёни мардум баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз камфаъолиятӣ ва хунукназарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бепринсипию муросокории судяҳо дар баррасии баъзе парвандаҳои ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ кард. «Агар ҳамаи шумо вазифаҳои худро содиқона ва бо касбияти баланд саривақт иҷро мекардед, кор дар Хоруғ ба ин дараҷа намерасид», – таъкид дошт ӯ.

Барои беҳсозии вазъи кунунии шаҳри Хоруғ, таъмини волоияти қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ба бунёдкорию созандагӣ ва тарзи ҳаёти солим сафарбар намудани мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба роҳбарияти мақомоти дахлдор доир ба таълиму тарбияи касбии кормандон, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.