Сафари Шувалов муҳлати имзои шартномаи пойгоҳи низомии Русияро наздик месозад

Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов шоми имрӯз ба Душанбе меояд. Ба эътиқоди сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҳайдаров, Игор Шувалов дар ҳукумати кунунии Русия ба масоили молиявӣ масъул буда, сафари дурӯзаи ӯ ба Тоҷикистон маънои онро дорад, ки шартномаи нави ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба наздикӣ ба имзо мерасад. Ба андешаи сиёсатшинос, президенти […]

Аваз Юлдошев


Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов шоми имрӯз ба Душанбе меояд.

Ба эътиқоди сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҳайдаров, Игор Шувалов дар ҳукумати кунунии Русия ба масоили молиявӣ масъул буда, сафари дурӯзаи ӯ ба Тоҷикистон маънои онро дорад, ки шартномаи нави ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба наздикӣ ба имзо мерасад.

Ба андешаи сиёсатшинос, президенти Русия Владимир Путин Шуваловро муваззаф кардааст, ки аз Тоҷикистон боздид намуда, бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ тарзи нави ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ, энергетикӣ ва иқтисодиро мувофиқа созад.

Ҳайдаров хотиррасон намуд, ки нимаи моҳи августи соли равон дар арафаи имзои шартномаи ҳузури минбаъдаи низомиёни Русия дар Қирғизистон маҳз Шувалов ба ин кишвар сафар карда буд.

Он замон васоити ахбори умуми Русия иттилоъ дода буданд, ки ба Игор Шувалов муяссар гардид, тамоми масоили муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамсояро, ки тайи солҳои ахир нисбати онҳо ихтилофҳо ҷой доштанд, муваффақона ҳал намояд.

Ҳамчунин худи Шувалов низ дар Бишкек изҳор карда буд, ки президенти Русия ӯро вазифадор намудааст, ки «бидуни қарордодҳои мувофиқашуда барнагардад».  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.