Ширкати ҳавопаймоии ORENAIR Кӯлобу Санкт-Петербургро ба ҳам мепайвандад

Ширкати русиягии  ҳавопаймоии ORENAIR ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Санкт-Петербург-Кӯлоб-Санкт-Петербург оғоз мекунад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, парвозҳо ҳар ҳафта як маротиба рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймои бароҳати муосири Boeing 737-800 сурат мегиранд. Ҳавопаймои мазкур барои ҳамлу нақли 168 нафар мусофирон пешбинӣ шудааст. Айни замон ширкати мазкур ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд аз шаҳри Оренбург […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати русиягии  ҳавопаймоии ORENAIR ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Санкт-Петербург-Кӯлоб-Санкт-Петербург оғоз мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, парвозҳо ҳар ҳафта як маротиба рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймои бароҳати муосири Boeing 737-800 сурат мегиранд. Ҳавопаймои мазкур барои ҳамлу нақли 168 нафар мусофирон пешбинӣ шудааст.

Айни замон ширкати мазкур ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд аз шаҳри Оренбург парвозҳо амалӣ месозад.

Дар иттилои хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ зикр мегардад, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон ба реҷаи кории ширкат парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Кӯлоб-Санкт-Петербург илова мегардад.

ҶСК «Шабакаҳои ҳавопаймоии Оренбург» соли 1932 бо пешниҳоди хизматгузории транзиии хатсайри ҳавоии Маскав-Тошканд таъсис ёфта, 100%-и саҳмияҳои он ба ширкати «Аэрофлот»-и Русия тааллуқ доранд. Ширкат аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Маскав, Оренбург ва Перми Русия ба самтҳои гуногун парвозҳо анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.