Аввалин зойирини тоҷик ахири моҳ ба Ҷидда раҳсипор мешаванд

Аввалини зойирини Тоҷикистон субҳи 29-уми сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба шаҳри Ҷидда раҳсипор мегарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, барои зоийрини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ аз Душанбе ба Ҷидда 23 ва аз Хуҷанд ба Ҷидда 9 парвози ҳавопаймоҳо […]

Меҳрангез Турсунзода


Аввалини зойирини Тоҷикистон субҳи 29-уми сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба шаҳри Ҷидда раҳсипор мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, барои зоийрини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ аз Душанбе ба Ҷидда 23 ва аз Хуҷанд ба Ҷидда 9 парвози ҳавопаймоҳо анҷом дода мешаванд.

«Барномаи «Ҳаҷ-2012» пас аз бозгашти ҳамаи зойирин санаи 11 –уми ноябр пурра ба итмом хоҳад расид», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, соли равон тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёрати макони муқаддаси исломро ихтиёр кардаанд, бо сарулибос ва лавозимоти зарурии адои маросими ҳаҷ таъмин карда шудаанд. «Шиносномаву асноди дигарӣ зарурӣ рӯзи парвоз ба Ҷидда ба зойирин супурда хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо намуд. Соли равон қимати зиёрати Хонаи Худо 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.