Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар бахши кишоварзӣ

Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо сафири Фарноса дар Тоҷикистон Диде Леруа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Қосим Қосимов сафирро бо дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ошно сохта, таъкид кард, ки айни замон […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо сафири Фарноса дар Тоҷикистон Диде Леруа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Қосим Қосимов сафирро бо дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ошно сохта, таъкид кард, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ҳафт барномаи соҳавӣ мавриди татбиқ қарор доранд. «Ин барномаҳо амалисозии маҷмӯи васеи чорабиниҳо дар бахшҳои рустанипарвариву чорводорӣ ва такмили зербинои соҳаи кишоварзиро фаро мегиранд»,- гуфт ӯ.

Қосимов бахусус ҳамкории дар ҳоли рушд қарордоштаи Тоҷикистону Фаронса дар бахшҳои борғпарвариву чорводориро таъкид намуд. «Ҷонибҳо ҳамчунин имкони роҳандозии ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷриба миёни фермерони тоҷику фаронсавиро низ баррасӣ карданд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ.

Ёдрас мекунем, ки аз ин пештар Диде Леруа бо вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов ва вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳмизода низ дидору гуфтушунид анҷом дода буд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Фаронса каме бештар аз 2,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки қариб пурра ба воридоти маҳсулот аз Фаронса рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.