Вазъи камбуди газ дар Суғд ба эътидол омад

Вазъи камбуди гази моеъ дар вилояти Суғд ба эътидол омад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов хабар дод, дар се рӯзи аввали ҳафтаи равон ба вилоят дар маҷмӯъ беш аз 450 тонна гази моеъ ворид карда шудааст. «Аз рӯзи 10-уми ҳамин моҳ дар қаламрави вилоят камбуди шадиди […]

Мавлуда Рафиева


Вазъи камбуди гази моеъ дар вилояти Суғд ба эътидол омад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов хабар дод, дар се рӯзи аввали ҳафтаи равон ба вилоят дар маҷмӯъ беш аз 450 тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

«Аз рӯзи 10-уми ҳамин моҳ дар қаламрави вилоят камбуди шадиди гази моеъ ба мушоҳида расида, дар ин рӯзҳо аз 230 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамагӣ 50%-ашон фаъолият доштанд ва феълан аллакай 80%-и онҳо дубора ба фаъолият пардохтанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, авали ҳафтаи ҷорӣ раиси вилояти Суғд ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳбуди таъмини вилоят бо ин навъи сӯзишворӣ ва дастрас будани он ба аҳоливу соҳибони воситаҳои нақлиёт супориш додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати минтақавии гумруки ҶТ дар вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон ба қаламрави вилоят 49 ҳазору 825 тонна гази моеъ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 700 тоннаро ташкил медод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.