Хатлон: Боздошти фаъолияти созмони «Миллениум» барои таблиғи насроният

Бо қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Миллениум – рушд дар ҳамкорӣ» боздошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Ҳасанов, ҳимоятгари ташкилот хабар дод, Вазорати адлия нисбат ба ташкилоти мазкур бинобар сабаби машғул шудани аъзои «Миллениум» ба таблиғи дини насронӣ миёни аҳолӣ ва риоя накардани оинномаашон даъво пеш овардааст. Суд ин даъворо қонеъ намуд. […]

Сайраҳмон Назриев


Бо қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Миллениум – рушд дар ҳамкорӣ» боздошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Ҳасанов, ҳимоятгари ташкилот хабар дод, Вазорати адлия нисбат ба ташкилоти мазкур бинобар сабаби машғул шудани аъзои «Миллениум» ба таблиғи дини насронӣ миёни аҳолӣ ва риоя накардани оинномаашон даъво пеш овардааст. Суд ин даъворо қонеъ намуд.

«Ахири соли 2010 дар манзили яке аз кормандони ташкилот иди мавлуди Исо ҷашн гирифта шуда, ба он хешовандони кормандон низ даъват шуда буданд, – мегӯяд ҳимоятгар. – Ба андешаи Вазорати адлия, ин чорабинӣ хусусияти таблиғотӣ доштааст. Аммо гуфтаниам, ки ман ва кормандони ташкилот як қатор далелҳое пеш овардем, ки кормандони ташкилот барои ҷалби мардум ба насроният ба ҳеҷ таблиғоте машғул набуданд. Ташкилот аз 16 нафар иборат буда, танҳо ду нафарашон пайрави дини насронӣ ва боқимонда мусалмононанд. Шурӯъ аз соли 2002 ташкилоти мазкур танҳо ба фаъолияти хайрия машғул буда, дар рушди варзиш кӯмак расонид ва курсҳои омӯзиши забони англисиву касби дӯзандагӣ ташкил намуд».

Ҳимоятгар мутмаин аст, ки дар фаъолияти ташкилот ҳеҷ қонуншикание ҷой надошт. «Мо аз болои қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба зинаи болоӣ шикоят бурданием», – афзуд ӯ.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?