Оғози мурофиаи додгоҳӣ оид ба нашъаҷаллобии афсари Вазорати мудофиа

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оғоз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбӣ Тоҳир Искандаров хабар дод, собиқ афсари қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, майор Исломҷон Иброҳимов ва шаҳрванди қаторӣ Қурбоналӣ Шодмонов мутобиқи моддаи 200, қ. 3, бандҳои «в, г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оғоз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбӣ Тоҳир Искандаров хабар дод, собиқ афсари қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, майор Исломҷон Иброҳимов ва шаҳрванди қаторӣ Қурбоналӣ Шодмонов мутобиқи моддаи 200, қ. 3, бандҳои «в, г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.

Ба гуфтаи Т.Искандаров, санаи 15-уми июли соли равон як корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо Исломҷон Иброҳимов дар тамос шуда, ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба ивази автомашинаи тамғаи «Опел» маводи мухаддири дар дасташ бударо ба ӯ диҳад.

Ба қавли ӯ, рӯзи дигар дар қаламрави бозори фурӯши автомобилҳои шаҳри Кӯрғонтеппа кормандони милиса И.Иброҳимов ва Қ.Шодмоновро бо далели шайъӣ дастгир намудаанд. «Агар гуноҳи И.Иброҳимов ва Қ.Шодмонов мутобиқи моддаи зикршудаи Кодекси ҷиноӣ исбот гардад, онҳоро ҷазои аз 8 то 19 соли зиндон интизор аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?