Суди олӣ ҳукм нисбати кормандони милисаи Қумсангирро бетағйир боқӣ гузошт

Имрӯз Суди олии ҷумҳурӣ бо тартиби кассатсионӣ парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва ваколатдори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифовро баррасӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Татяна Умарова, ҳимоятгари М.Шарифов хабар дод, Прокуратураи генералӣ аз ҳукми суди вилояти Хатлон […]

Сайраҳмон Назриев


Имрӯз Суди олии ҷумҳурӣ бо тартиби кассатсионӣ парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва ваколатдори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифовро баррасӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Татяна Умарова, ҳимоятгари М.Шарифов хабар дод, Прокуратураи генералӣ аз ҳукми суди вилояти Хатлон бобати ба 9 ва 12 соли зиндон маҳкум шудани Нуриддин Наботов ва Маҳмад Шариф қаноатманд набуд. «Прокуратураи генералӣ аз он изҳори норозигӣ кард, ки суд моддаи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора)-ро ба моддаи 247 (Қаллобӣ) иваз намуд, – мегӯяд ҳимоятгар. – Мо бо зерҳимояам аз болои ҳукми суди вилояти Хатлон шикоят бурдем. Ғайр аз ин, айби зерҳимояи ман мутобиқи моддаи 200-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар) дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва муррфиаи судӣ исбот нагардид».

Ба қавли ҳимоятгар, имрӯз ҳам Суди олӣ ҳукми суди вилояти Хатлон нисбат Н.Наботов ва М.Шарифовро бетайир боқӣ гузошт. «Аммо мо ба чунин ҳукм розӣ набуда, аз болои ҳукми суди вилояти Хатлон ва қарори Суди олӣ эътироз хоҳем кард», – изҳор кард Умарова.

Рустам Давлатшоев, ҳимоятгари маҳкумшудаи дигар Нуриддин Наботов низ сабаби эътирози Прокуратураи генералиро дар ивази моддаи 319 ба 247 дониста, изҳор кард, ки аз ҳукми суд нисбати зерҳимояаш комилан розӣ аст. «Айби Наботов дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи судӣ мутобиқи моддаи 319 исбот нагардида, дар амалҳои ӯ аломатҳои содир намудани ҷиноят тибқи ин модда мавҷуд набуд ва суд ба ин ҳолатҳо баҳои мушаххас дод», – гуфт вай.

Санаи 25-уми июн суди вилояти Хатлон  Наботовро дар содир намудани ҷиноёт мутобиқи моддаҳои 247, қ. 3 (Қаллобӣ) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамроҳ бо Наботов аз рӯйи ин парванда сарваколатдори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифов низ ҷавобгӯ буд. Суд Шарифовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодексии ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 12 сол равонаи зиндон кард.

Татяна Умарова, вакили мудофеи Маҳмад Шарифов, ҳукми судро ғайриқонунӣ арзёбӣ намуда, аз боли он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд.

Ёдрас мекунем, ки баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов 19-уми апрели соли равон оғоз гардид. Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.     

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.