Сардори идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Осиёи Миёна хонум Эрин Элизабет МакКи бо сафари хотимавии худ дар минтақа ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум МакКи ва директори нави USAID дар Тоҷикистон хонум Кэтлин МакДоналд дар маросими ифтитоҳи системаи нави обгармкунакҳои офтобӣ дар мактаб- интернати №4 шаҳри Душанбе, ширкат варзиданд. Зерлоиҳаи мазкур дар доираи лоиҳаи USAID «Баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия» дар биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе» якҷоя бо Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ ва дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардидааст. Лоиҳаи мазкур бо мақсади такмил додани системаи гармкунӣ ва коҳиш додани талафоти зиёди энергия дар мавсими зимистон, истифода кардани имкониятҳои васеи технологияҳои энергиясарфакунанда ва манбаъҳои энергияи барқароршавандаро нишон медиҳад.
Хонум МакКи инчунин ба суханҳои ҷаноби Буриев Неъматҷон, мушовири калони президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ хамрох шуда, ба иштирокчиёни барномаи рушди маҳал, ки тайи се соли охир бахри беҳтар намудани системаҳои оби тоза ва ҷамъоварии партавҳо равона шуда буд, изҳори минатдорӣ намуд
Дар давоми се соли охир, USAID 57 системаҳои обтаъминкунӣ сохта барқарор намудааст, ки онҳо 190,000 нафарро дар саросари Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.
Хонум МакКӣ дар маъракаи мазкур иштирок намуда, нақши лоиҳаи USAID “Таълими босифат”-ро, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва шарикони он ба беҳтар намудани барномаҳои мактабӣ, омӯзиши касбии муаллимон, инчунин азнавсозиимаводи таълимию методӣ равона шудааст, таъкид намуд. USAID рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда ин лоиҳаро бо барномаи нави ду-сола “Хониш барои кӯдакон” дар зинаи таҳсилоти томактабӣпурра хоҳад кард.
МакКӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, “Ҳамкории дуҷониба ва дастгирӣ ба комёбии барномаҳои мо мусоидат намуда, ба ҳамаи мо ояндаи устувор ва равшанро таъмин менамоянд.”
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки институтҳои демократӣ, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисодро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, зиеда аз 984 миллион доллар ҷудо намудааст.



