Ҳамагӣ 13%-и аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13%-и аҳолӣ аз шабакаи Интернет истифода мекунад. Дар маълумоти гузориши Комиссияи СММ оид ба алоқаи хатти васеъ гуфта мешавад, дар 177 кишвари дунё шумори корбарони шабакаи Интернет афзуда, айни замон дар саросари ҷаҳон 2,26 млрд. нафар ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд. Аз нигоҳи фарогирии аҳолӣ ба шабакаи Интернет Исландия пешсаф буда, дар […]


Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13%-и аҳолӣ аз шабакаи Интернет истифода мекунад.

Дар маълумоти гузориши Комиссияи СММ оид ба алоқаи хатти васеъ гуфта мешавад, дар 177 кишвари дунё шумори корбарони шабакаи Интернет афзуда, айни замон дар саросари ҷаҳон 2,26 млрд. нафар ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд.

Аз нигоҳи фарогирии аҳолӣ ба шабакаи Интернет Исландия пешсаф буда, дар ин кишвар 96%-и аҳолӣ аз Интернет истифода мекунанд. Дар Олмон сатҳи фарогирии аҳолӣ ба Интернет 83%, ИМА – 77,9%, Русия – 49% ва Чин – 38,5-ро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда дар собиқ кишварҳои шӯравӣ ба тариқи зайланд: Эстония – 76,5, Латвия – 71,7, Литва – 65,1, Озарбойҷон – 50, Қазоқистон – 45, Белорус – 39,6, Молдова – 38, Гурҷистон – 36,6, Украина – 30,6, Ӯзбекистон – 30,2, Қирғизистон – 20 ва Туркманистон – 5%.

Кишварҳои Гвинея, Нигер, Сомали, Эфиопия дар мақоми охирини ин ҷадвал қарор гирифта, шумори корбарони Интернет дар ин давлатҳо ҳудуди 1%-и аҳолиро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи корбарон бо забони англисӣ 27%, чинӣ – 24% ва испанӣ – 8%-ро ташкил медиҳад. Ба даҳгонаи аввали забонҳои бештар мавриди истифода қарордошта забони русӣ низ шомил буда, ба 59,7 млн. нафар корбарон баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.