Изҳороти ҳимоятгари Карамхудоев дар бораи шиканҷаи зерҳимояаш

spot_imgspot_img

Дата:


Ба дидори ҳимоятгар бо раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки зимни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Хоруғ боздошт шуда буд, иҷозат дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари боздоштшуда Бобохон Яъқубов иттилоъ дод, зимни боздошт дар Хоруғ ва то интиқол ба Душанбе нисбат ба зерҳимояи ӯ аз шиканҷа кор гирифта шудааст.

«Ба гуфтаи зерҳимояам, пас аз интиқол ба тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ ба Душанбе то имрӯз нисбати ӯ ҳеҷ амали номуносиб раво дида нашуда, мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст ва табибон низ ӯро назорат мекунанд», – таъкид кард ҳимоятгар.

Ҳимоятгар иттилоъ дод, ки нисбати Ш.Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Аммо зерҳимояи ман ин айбномаҳоро қотеъона рад намуда, изҳор мекунад, ки пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июл ӯ муддати панҷ рӯз дар чердаки боми яке аз хонаҳо пинҳон шуда будааст», – иброз дошт Б.Яъқубов.

Бобохон Яъқубов изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои дидору гуфтугӯ бо зерҳимояаш монеа эҷод нахоҳанд кард, зеро инро ба ӯ дар Прокуратураи генералӣ ваъда додаанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...