Изҳороти ҳимоятгари Карамхудоев дар бораи шиканҷаи зерҳимояаш

Ба дидори ҳимоятгар бо раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки зимни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Хоруғ боздошт шуда буд, иҷозат дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари боздоштшуда Бобохон Яъқубов иттилоъ дод, зимни боздошт дар Хоруғ ва то интиқол ба Душанбе нисбат ба зерҳимояи ӯ аз шиканҷа кор гирифта шудааст. […]


Ба дидори ҳимоятгар бо раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки зимни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Хоруғ боздошт шуда буд, иҷозат дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари боздоштшуда Бобохон Яъқубов иттилоъ дод, зимни боздошт дар Хоруғ ва то интиқол ба Душанбе нисбат ба зерҳимояи ӯ аз шиканҷа кор гирифта шудааст.

«Ба гуфтаи зерҳимояам, пас аз интиқол ба тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ ба Душанбе то имрӯз нисбати ӯ ҳеҷ амали номуносиб раво дида нашуда, мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст ва табибон низ ӯро назорат мекунанд», – таъкид кард ҳимоятгар.

Ҳимоятгар иттилоъ дод, ки нисбати Ш.Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили гурӯҳи ҷиноӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Аммо зерҳимояи ман ин айбномаҳоро қотеъона рад намуда, изҳор мекунад, ки пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июл ӯ муддати панҷ рӯз дар чердаки боми яке аз хонаҳо пинҳон шуда будааст», – иброз дошт Б.Яъқубов.

Бобохон Яъқубов изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои дидору гуфтугӯ бо зерҳимояаш монеа эҷод нахоҳанд кард, зеро инро ба ӯ дар Прокуратураи генералӣ ваъда додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.