«Сангтӯда» ва «Роғун» навъҳои асосии шиканҷа дар Тоҷикистон

Дар машварати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Варшава оид ба иҷрои уҳдаориҳо доир ба ченаки инсонӣ мушкилоти мавриди шиканҷа қарор гирифтани боздоштшудагон ва айбдоршавандагон дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи густарда қарор гирифт. «Айни замон дар Тоҷикистон таҷрибае маъмул шудааст, ки ба гумони айбдорӣ ба терроризм қариб дар ҳама ҳолатҳо пайравони мазҳаби ислом ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», […]


Дар машварати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Варшава оид ба иҷрои уҳдаориҳо доир ба ченаки инсонӣ мушкилоти мавриди шиканҷа қарор гирифтани боздоштшудагон ва айбдоршавандагон дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи густарда қарор гирифт.

«Айни замон дар Тоҷикистон таҷрибае маъмул шудааст, ки ба гумони айбдорӣ ба терроризм қариб дар ҳама ҳолатҳо пайравони мазҳаби ислом ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», – изҳор кард зимни суханронӣ директори ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқ инсон» Сергей Романов.

Романов ҳамчунин гуфт, дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз нақзи ҷидди ҳуқуқҳои гумонбарон ба терроризм, боздоштҳои ғайриқонунӣ, истифода аз шиканҷа, мавҷуд набудани дастрасӣ ба ҳимоятгар, ба ваколатҳои барзиёд соҳиб шудани Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мавриди тартиб додани рӯйхати афроди гумонбар ба ифротгароиву терроризм ва дигар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, гумонбаршудагон шиканҷаҳои ҷисмонӣ, аз қабили пайвастани шиддати барқ ба ҷисм, оби хунук пошидан ба бадан дар фасли зимистон дар кӯча, бо сигарет сӯзонидани қисмҳои алоҳидаи бадан, таҷовуз ба номус, лату кӯб бо асбобҳои гуногунро аз навъҳои асосии шиканҷа номбар кардаанд. «Шиканҷаҳои равонӣ ба монанди таҳқири хешовандону наздикон дар ҳузури гумонбаршуда, таҳдиди аз хешовандон, аз ҷумла ҳамсари гумонбаршуда бадар овардани сарулибос ва аксбардории ӯ барои минбаъд дар Интернет гузоштани он ва ғайра низ истифода шудаанд», – гуфт Романов.

Ба қавли ин ҳомии ҳуқуқ, ба сифати воситаи шиканҷа аз дастгоҳҳои барқие чун «Сангтӯда» ва «Роғун» низ кор гирифта шудааст, ки ҳамчун асбоби аёнӣ дар дарсҳои физика истифода мегарданд. «Тафовути дастгоҳҳо дар он ифода меёбад, ки «Сангтӯда» шиддати ҷараёни пасттар дода, агар бо дастаи махсус дастгоҳи «Роғун»-ро тоб додан гиред, он ҷараёни мунтазами барқ тавлид мекунад», – баён дошт номбурда.

Дар робита ба мушкилоти мазкур мушовири лоиҳаи Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) оид ба пешгирии шиканҷа дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон Татяна Чернобил суханронӣ намуда, изҳор кард, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба таъмини тафтишоти судии мунсифона қодир нестанд. Ӯ «ғайриимкон будани дастрасӣ ба кӯмаки ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»-ро таъкид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.