Оғози фаъолияти қабулгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Кӯлоб

Дар ошёнаи чаҳоруми бинои мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ расман ба фаъолият оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳ Саидаҳмад Азизов хабар дод, қабулгоҳ фаъолияти худро ҳанӯз аз 1-уми сентябр оғоз намуда буд, вале ба иллати таъмир дар бинои ҳукумат, танҳо ҳамин рӯз ба ҳуҷраи корӣ ворид шудаанд. […]


Дар ошёнаи чаҳоруми бинои мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ расман ба фаъолият оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳ Саидаҳмад Азизов хабар дод, қабулгоҳ фаъолияти худро ҳанӯз аз 1-уми сентябр оғоз намуда буд, вале ба иллати таъмир дар бинои ҳукумат, танҳо ҳамин рӯз ба ҳуҷраи корӣ ворид шудаанд.

Ба қавли вай, дар давраи «беамалии маҷбурӣ» ӯ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинари омӯзишӣ доир намуда, бо аҳолӣ мулоқотҳо доштааст ва тавассути телевизиони маҳаллӣ суханронӣ намуда, дар рӯзномаи минтақавии «Ҳақиқати Кӯлоб» низ мақола интишор сохтааст.

С.Азизов ноқулай будани ҷойгиршавии қабулгоҳ барои фаъолияти дифоъ аз ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, изҳор кард, ки миёни муроҷиаткунандагон метавонанд афроде ҳузур дошта бошанд, ки маҳз аз мақомоти шаҳрдорӣ шикоят доранд. «Ҳамчунин дар масъалаи низоми иҷозати вуруд ба бино низ метавонанд мушкилотҳо пайдо шаванд, лекин ёфтани дигар бино алҳол муяссарамон нагардид», – гуфт номбурда.

Саидаҳмад Азизов яке аз ҳуқуқшиносони соҳибтаҷрибаи Кӯлоб маҳсуб гардида, то соли 2002 дар мақомоти прокуратура ва тайи 10 соли ахир ба ҳайси мушовири ҳуқуқии муассисаи шабакаҳои барқ фаъолият дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.