Суғд: Мурофиаи судии депутати қирғиз ба гумони қочоқи симоб

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрвандони Қирғизистон шурӯъ шуд. Имрӯз дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи беш аз 90 кило симоб оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, ҳимоятгари […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрвандони Қирғизистон шурӯъ шуд.

Имрӯз дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи беш аз 90 кило симоб оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, ҳимоятгари шаҳрванди гумонбаршудаи Қирғизистон Икром Сиддиқов хабар дод, имрӯз баррасии парванда ба иллати ба ташхиси судӣ фиристодани симоби мусодирашуда мутаваққиф гардид. «Пас аз дарёфти натоиҷи ташхис мурофиаи судӣ идома меёбад», – гуфт Тӯраев.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, заҳролуд, заҳролудкунанда, радиоактивӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Санаи 10-уми июл бинобар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба даст доштани ронанда дар қочоқи симоб Манасбек Нодиров озод гардид.

Пас аз боздошти шаҳрвандони Қирғизистон сокинони ноҳияи наздимарзии кишвари ҳамсоя шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гарав гирифта, озод кардани боздоштшудагонро талаб карданд.

Имрӯз ҳимоятгари Сиддиқов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки 10-уми август раиси шаҳри Ботканди кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба унвони прокурори вилоят Шариф Қурбонов ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати озод кардани шаҳрванди Қирғизистон аз тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд дархост ирсол намудааст. Раиси шаҳри Ботканди Қирғизистон Саидаҳмад Эрматов дархост кардааст, ки барои озодии вакили Кенеш (Маҷлис)-и шаҳрии Ботканд Икром Сиддиқов, ки ба гумони даст доштан дар қочоқи симоб боздошт шудааст, мусоидат карда шавад.

«Ин дархост ҳоло мавриди ҳаллу фасл қарор нагирифта, мо аз ин шахсони мансабдор то ҳанӯз посух нагирифтаем ва айни замон зерҳимояи ман Икром Сиддиқов дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад», – гуфт ҳимоятгар.

Ӯ ҳамчунин гуфт, рӯзи 2-юми август Сиддиқов ба унвони директори маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева ариза навишта, дар он дархост кардааст, ки ба озодии ӯ аз тавқифгоҳ мусоидат намоянд, зеро ӯ вакили маҷлиси шаҳри Ботканд аст.

«Мутобиқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд», – хотиррасон намуд Тӯраев.

Ҳимоятгар  ҳамчунин илова намуд, ки мувофиқи муқаррароти Конвенсия «Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ дар парванадҳои оилавӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ», зерҳимояи ӯ аз ҳуқуқи дахолатнопазирии вакилӣ бархӯрдор аст ва боздошт шуда наметавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.