Ҷавобгарии роҳбарони ҷамоатҳои Мастчоҳ барои хунукназарӣ

Дар вилояти Суғд нисбат ба ду нафар роҳбарони ҷамаотҳои ноҳияи Масичоҳ барои дағалона вайрон кардани қонунгузорӣ ва ошкор шудани як қатор камбудиҳо дар фаъолият парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ғайр аз ин, нисбат ба шахсони масъули ҷудогона ва мудирони шуъбаҳои ҳукумати ин ноҳия ҷазои маъмурӣ таъин гардид. Ин чораҳо пас аз сафари раиси вилояти Суғд ба […]

Мардон Назаров


Дар вилояти Суғд нисбат ба ду нафар роҳбарони ҷамаотҳои ноҳияи Масичоҳ барои дағалона вайрон кардани қонунгузорӣ ва ошкор шудани як қатор камбудиҳо дар фаъолият парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ғайр аз ин, нисбат ба шахсони масъули ҷудогона ва мудирони шуъбаҳои ҳукумати ин ноҳия ҷазои маъмурӣ таъин гардид.

Ин чораҳо пас аз сафари раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ аввалҳои моҳи август ва қабули сокинони ноҳия сурат гирифтанд. Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи мазкур зиёда аз 105 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Муддати як рӯз раиси вилоят беш аз 200 нафар сокинони ноҳияро ба ҳузур пазируфт. Сокинон ба раиси вилоят аз мушкилоти зиёди ҳалнагардида дар ноҳия, аз ҷумла норасоии оби нӯшокӣ, тақимоти нодуруст ва ноодилонаи қитъаҳои змини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ҷамоатҳо шикоят бурданд.

Қоҳир Расулзода ба прокурори вилоят дастур дод, ки дар ноҳия таъҷилан санҷиш доир гардад. Зимни санҷиш ҳолатҳои дағалона вайрон кардани қонунгузорӣ ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ва тақсимоти қитъаи заминҳо ошкор карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи прокуратураи вилоят Абдуллоҷон Абдуллоев хабар дод, дар баъзе ҷамоатҳо далелҳои таҳрифшудаи қабули аризаҳо аз шаҳрвандон ошкор шудаанд, ки гувоҳи амали барқасдонаи шахсони ҷудогона аст.

«Муддати чандин сол дар 7 ҷамоати ноҳия беш аз 15 ҳазор ариза дар бораи тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷамъ гардида, айни замон аз онҳо ҳамагӣ 3 ҳазор ариза баррасӣ шудааст», – зикр кард ӯ.

Барои хунукназарона рафтор намудан ба вазифа нисбати раисони ҷамоатҳои «Мастчоҳ» С.Мӯъминов ва «Бӯстон» С.Мирвайсов парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Дар ин ҷамоатҳо муҳлати посух ба аризаҳои шаҳрвандон баъзан аз 40 то 90 рӯзро ташкил додааст, ки шаҳодати риоя накардани қонун дар бораи қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.