Ташрифи Путин ба Тоҷикистон дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон

Бо даъвати сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 5-уми октябр президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад. «Дар ҷараёни музокирот сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон доираи фарохи масоили ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду савдо, амнияту робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкориҳо дар иттиҳоду созмонҳои ҳамгироӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи […]

Меҳрангез Турсунзода


Бо даъвати сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 5-уми октябр президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.

«Дар ҷараёни музокирот сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон доираи фарохи масоили ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду савдо, амнияту робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкориҳо дар иттиҳоду созмонҳои ҳамгироӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, атрофи вазъи минтақаву ҷаҳон табодули назар хоҳанд кард», – гуфта мешавад дар иттилоъ.

Аз рӯйи натоиҷи гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди ҳамкории дуҷониба дар назар аст. Дар иттилоъ зикр мегардад, ки ин вохӯрии дуюми сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов аз Тоҷикистон боздид намуда, пас аз анҷоми сафар изҳор дошта буд, ки муҳлати имзои созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомиии Русия «хеле наздик» буда, «ҳалли ниҳоии масъалаи мазкурро сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон ҳаллу фасл хоҳанд кард».

Ёдрас мекунем, ки 5-уми октябр президенти Тоҷикистон 60-солагии худро ҷашн мегирад ва баъди 2 рӯз, яъне 7-уми октябр бошад, Владимир Путин низ ба синни 60-солагӣ мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.