Оғози фаъолияти қабулгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Кӯлоб

spot_imgspot_img

Дата:


Дар ошёнаи чаҳоруми бинои мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ расман ба фаъолият оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳ Саидаҳмад Азизов хабар дод, қабулгоҳ фаъолияти худро ҳанӯз аз 1-уми сентябр оғоз намуда буд, вале ба иллати таъмир дар бинои ҳукумат, танҳо ҳамин рӯз ба ҳуҷраи корӣ ворид шудаанд.

Ба қавли вай, дар давраи «беамалии маҷбурӣ» ӯ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинари омӯзишӣ доир намуда, бо аҳолӣ мулоқотҳо доштааст ва тавассути телевизиони маҳаллӣ суханронӣ намуда, дар рӯзномаи минтақавии «Ҳақиқати Кӯлоб» низ мақола интишор сохтааст.

С.Азизов ноқулай будани ҷойгиршавии қабулгоҳ барои фаъолияти дифоъ аз ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, изҳор кард, ки миёни муроҷиаткунандагон метавонанд афроде ҳузур дошта бошанд, ки маҳз аз мақомоти шаҳрдорӣ шикоят доранд. «Ҳамчунин дар масъалаи низоми иҷозати вуруд ба бино низ метавонанд мушкилотҳо пайдо шаванд, лекин ёфтани дигар бино алҳол муяссарамон нагардид», – гуфт номбурда.

Саидаҳмад Азизов яке аз ҳуқуқшиносони соҳибтаҷрибаи Кӯлоб маҳсуб гардида, то соли 2002 дар мақомоти прокуратура ва тайи 10 соли ахир ба ҳайси мушовири ҳуқуқии муассисаи шабакаҳои барқ фаъолият дошт.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...