Тасҳеҳи навбатии буҷети давлатӣ бо дархости ҳукумат

Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти аз ҷониби ҳукумат  пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012»-ро маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки бо пешниҳоди ҳукумат мазути барои эҳиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе воридмешуда дар ҳаҷми 30 ҳазор […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти аз ҷониби ҳукумат  пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012»-ро маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки бо пешниҳоди ҳукумат мазути барои эҳиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе воридмешуда дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод карда мешавад. Маблағи умумии пардохтҳои озодшуда аз ин ҳисоб 34,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, вакилон ба аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод кардани воридоти технологияҳо барои эҳтиёҷоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба истихроҷи тило ва нуқра «Апрелевка» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ розигӣ доданд. Дар ин ҳолат маблағи умумии пардохтҳои озодшуда 12,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи муовини вазири молия, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани технологияҳои нав ин корхона метавонад дар як сол беш аз 2,2 тонна тило ва 7,7 тонна нуқра истеҳсол нкмояд.

Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ, қитъаи роҳи оҳани Хатлони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ аз пардохти ҳама гуна андозу боҷҳо озод карда шуд, зеро пас аз дар моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби Ӯзбекистон баста шудани ҳаракати қатораҳо тавассути ин роҳ беш аз 1 ҳазору 400 нафар коргарон бекор монда, қитъаи роҳ хисороти зиёди молӣ мебинад.

Вакилон ҳамчунин воридоти 20 сар говҳои хушзот аз Белорус аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва воридоти 20 адад автобусҳои мусофиркаш аз Олмон аз ҷониби ҶДММ «Азия-Эксперс»-ро низ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.