Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба кушодашавии лоиҳаи нави «Ҳамгироии масъалаҳои инфексияи ВИЧ дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари якрӯза баргузор мешавад.
Тавре корманди дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ)
дар Тоҷикистон Насрулло Рамазонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинар аз ҷониби Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Ҳамоҳангсози Миллӣ оид ба мубориза бо ВИЧ/СПИД, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ созмон дода шудааст.
«Семинар дар толори Маркази
VEFA
доир мегардад», – афзуд манбаъ.


