Дар Тоҷикистон бензин арзон мешавад

Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории бензин то беш аз 15 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.   Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд. Ба гуфтаи сарчашма, чанде қабл бо ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба бозори Точикистон тавофуқе ҳосил шуда, […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории бензин то беш аз 15 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.

 

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.




Ба гуфтаи сарчашма, чанде қабл бо ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба бозори Точикистон тавофуқе ҳосил шуда, ки дар асоси он, нархи бензини навъи АИ-95 дар охири моҳи ноябр 2 сомониву 70 дирамро ташкил хоҳад дод.



Айни замон дар нуқтаҳои фурӯши бензини пойтахт, қиммати ҳама навъҳои бензин то 30 дирам коҳиш ёфта, алъон як литр бензини навъи АИ-76 – 2 сомониву 90 дирам, АИ-92 – 3 сомониву 10 дирам ва АИ-95 – 3 сомониву 30 дирам арзиш дорад. Сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ворид мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.