Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев санади қабули чор майдони муосири варзиширо, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Синои пойтахт мавриди истифода қарор мегиранд, тасдиқ намуд.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, майдонҳои варзишӣ дар кӯчаҳои Зарафшон М5, 11 (хароҷот 204 ҳазор сомонӣ), Шерализода 148 (хароҷот 434 ҳазору 864 сомонӣ), Ғафуров 46/3 (хароҷот 269 ҳазору 550 сомонӣ) ва кӯчаи Маяковский (хароҷот 1 млн. 894 ҳазору 150 сомонӣ) ҷойгир шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони иншооти варзишии мазкур аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузорӣ шуда, раиси пойтахт ба раиси ноҳияи Сино супориш дод, ки истифодаи ҳадафноки майдонҳои варзишии мазкурро таҳти назорат қарор диҳад.


