Қимати як халта орд дар Тоҷикистон ба 33 $ расид

Қимати як халта орди 50-килоӣ дар Тоҷикистон ба 158 сомонӣ (33 $) расид, ки дар муқоиса бо аввали фасли тобистон 58 сомонӣ (12 $) зиёдтар аст. Директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ояндаи наздик қимати орд поин намеравад, зеро айни замон воридоти […]


Қимати як халта орди 50-килоӣ дар Тоҷикистон ба 158 сомонӣ (33 $) расид, ки дар муқоиса бо аввали фасли тобистон 58 сомонӣ (12 $) зиёдтар аст.

Директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ояндаи наздик қимати орд поин намеравад, зеро айни замон воридоти як тонна гандуми дараҷаи 3-юми Қазоқистон аз 400 $-и моҳи август то ба 500 $ боло рафтааст.

Директори ширкати воридкунандаи гандуми «Сомон-тӯрон инвест» Парвиз Рӯзиев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки имсол фермерони Қазоқистон ҳамагӣ 13 млн. тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ карданианд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми ҳосили порсолаи гандум дар ин кишвар 27 млн. тоннаро ташкил дода буд.

«Дар масъалаи воридоти гандуму орд Тоҷикистон ба ҷуз Қазоқистон алҳол алтернативаи дигар надорад. Ғайр аз ин, сифати гандуми қазоқӣ хеле хуб буда, ширкатҳои воридкунандаи ин маҳсулот дар бораи воридот аз дигар кишварҳо фикре надоранд», – гуфт вай.

Ба андешаи ӯ, болоравии нархи орд мудҳиш нест, аз ҳама муҳимаш он аст, ки норасоӣ ба вуҷуд наояд. «Аммо ман ба Шумо итминон медиҳам, ки дар ҷумҳурӣ вазъи камбуди орд ба вуҷуд нахоҳад омад. Оянда боз воридоти нав сурат гирифта, лекин нархҳо боло мераванд. Бо назардошти савдо дар биржаи Қазоқистон, ҳар моҳ арзиши гандум дар ҳоли афзоиш хоҳад буд», – афзуд Рӯзиев.

Дар ҳамин ҳол, аз Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ки барои пешгирии ҳодисаҳои ҳаннотӣ дар мавриди фурӯши орд бозорҳои дохилӣ мавриди санҷиш қарор доранд.

«Ба иттилои хадамоти мазкур, феълан ба воридоти орду гандум ба Тоҷикистон 53 ширкат машғул аст, ки 50,1%-и ҳиссаи бозорро ташкил медиҳанд ва боқимонда 49,9% соҳибкорони хусусӣ мебошанд. «Мо ҳуқуқ надорем, ки аз соҳибкорони хусусӣ маълумот дар бораи мувофиқасозии нархҳо бо хадамоти моро дархост ё талаб кунем», – гуфтанд дар хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки кишвар, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 217 $ барои як тонна 470 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 249,8 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Ҳамчунин аз оғози сол ба кишвар бо нархи миёнаи 358 $ барои як тонна 232,2 ҳазор тонна орд оварда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 33,7 ҳазор тонна бештар аст.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, айни замон қимати миёнаи як халта орд (50 кило) дар шаҳрҳои Душанбе – 175, Хуҷанд – 160 ва Қӯрғонтеппа – 170 сомониро ташкил медиҳад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.