Кӯмаки СММ ва ИА барои тоҷикистониёни эҳтиёҷманд

Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) аз саҳмгузории саховатмандонаи  Ташкилоти Башардӯстӣ ва Ҳифзи Иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо (ТБИА), ки баробар ба 800 ҳазор евро буда, баҳри расонидани кӯмаки озуқаворӣ ба 85 ҳазор нафар равона шудааст хуш пазироӣ мекунад. Тавре аз намояндагии Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин грант як ҳиссае аз саҳмгузории […]

ASIA-Plus


Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) аз саҳмгузории саховатмандонаи  Ташкилоти Башардӯстӣ ва Ҳифзи Иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо (ТБИА), ки баробар ба 800 ҳазор евро буда, баҳри расонидани кӯмаки озуқаворӣ ба 85 ҳазор нафар равона шудааст хуш пазироӣ мекунад.

Тавре аз намояндагии Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин грант як ҳиссае аз саҳмгузории 2 миллионаи (евро) ТБИА ба Тоҷикистон аст, ки ба мақсади расонидани кӯмак ба нафарони ниёзманди тӯли 12 моҳи охир зарардида,  кисман бо сабаби зимистони бениҳоят сард, равона мегардад. Оилаҳои зиёде ҳосил ва чорвои худро бинобар боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма аз даст додаанд.

Максади асосии ин кӯмак бартараф намудани камбудии ғизо то расидани ҳосили оянда мебошад.

«БОҶ аз ТБИА барои ин дастгирӣ бисёр миннатдор аст. Ин саҳмгузории нав ба БОҶ имконияти идомаи расонидани кӯмакро ба ҳазорон нафар аҳолии деҳоти Тоҷикистон ва дастгирии онҳо дар паси сар намудани зимистони оянда, фароҳам меорад», –  мегӯяд директори БОҶ дар Тоҷикистон, Алзира Ферейра.  – То ҳол шумораи зиёди оилаҳое ҳастанд, ки аз рушди иқтисодии Тоҷикистон баҳравар нагаштанд ва ба дастгирии озуқаворӣ зарурат доранд».

БОҶ ин грантро баҳри таъмини эҳтиёҷи думоҳаи хонаводаҳои осебпазир ва хонаводаҳое, ки амнияти озуқавориро соҳиб нестанд бо маводи аввалияи хӯрока аз қабили орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ, нахуд ва намаки йоднок сарф менамояд.

Кӯмаки яквақтаи озуқаворӣ ба хонаводаҳо дар водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон(ВМКБ), вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ки дар давоми зимистон зарар дидаанд, расонида мешавад.  

Ба замми кӯмаки озуқаворӣ, БОҶ нақша дорад як ҳиссаи гранти ТБИА-ро баҳри ба таври таҷрибавӣ расонидани кӯмаки нақдӣ ба зиёда аз якуним ҳазор хонавода дар вилояти Суғд сарф намояд.

БОҶ инчунини як қисмати маблағро дар ҳамкорӣ бо АСТЕД баҳри татбиқи барномаи таъмини чорво ба 500 хонаводаҳои ноҳияи Мурғоб бо мақсади таъмини амнияти озуқавории тақрибан  15% хонаводаҳои ноҳия истифода мебарад.

БОҶ бо шарикон барои муайян кардани оилаҳое, ки аз ин фаъолиятҳои таъмини озуқаворӣ, пулӣ (нақдӣ) ва чорво баҳраманд мегарданд ҳамкорӣ менамоянд. Кӯмак ба оилаҳое, ки даромади кам дошта ва миқдори ками замин ва чорво доранд, пешбинӣ шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.