Ҷароҳати вазнини журналисти тоҷик дар садама

Дар як садамаи нақлиёт дар Душанбе журналисти тоҷик ҷароҳати вазнин бардошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, садамаи нақлиёт шоми рӯзи сешанбе каме дуртар аз Боғи ҳайвоноти пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст. «Ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддини 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба […]


Дар як садамаи нақлиёт дар Душанбе журналисти тоҷик ҷароҳати вазнин бардошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, садамаи нақлиёт шоми рӯзи сешанбе каме дуртар аз Боғи ҳайвоноти пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.

«Ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддини 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарианд.

Айни замон маълум аст, ки Искандари Фирӯз дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони журналист иттилоъ доданд, айни замон ба назди Искандари Фирӯз ҳеҷ касро роҳ намедиҳанд. «Табибон ба мо гуфтанд, ки ӯ боре ба ҳуш омада, феълан боз беҳуш аст. Писараш низ бистарӣ аст, вале ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад», – изҳор карданд хешовандони рӯзноманигор.

Ба қавли хешовандону ҳамкорони рӯзноманигор, устухонҳои пойҳои И.Фирӯз шикастаанд, зеро ҳангоми бархӯрд Искандар дар курсии пеш нишаста будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.