Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Владимир Чиркин изҳор кард, ки шартномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон нимаи аввали соли 2013 ба имзо мерасад.
«Айни замон шартҳои қарордод мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Русия имзои шартнома ба муҳлати 49 солро пешбинӣ мекунад ва то охири моҳи март барои баргузории машваратҳо ҷиҳати таҳияи шакли ниҳоии созишнома муҳлат дода шудааст», – изҳор доштааст номбурда дар мусоҳиба ба радиои «Эхо Москвы».
Дар ин мусоҳиба Чиркин зикр кардаааст, ки Тоҷикистон аз Русия кӯмаки хеле зиёди молӣ дархост намудааст, ки садҳои миллион доллар дар як солро ташкил медиҳад.
Қаблан рӯзномаи Взгляд иттилоъ дода буд, ки муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев ва роҳбари Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рамил Нодиров оид ба тақдири минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия гуфтушунид анҷом доданд.
Ба иттилои сарчашмаҳои гуногун, дар қарордод шартҳои ройгони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 29 соли минбаъда пешбинӣ шудаанд, вале ин муҳлат метавонад тағйир дода шавад.