Дар бозори «Корвон» корманди нуқтаи мубодилаи асъорро куштанд

Date:


Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳудуди бозори калонтарини пойтахт «Корвон» як корманди нуқтаи мубодилаи асъор ба зарби гулӯла кушта шудааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ҳодиса бомдоди дирӯз тақрибан соатҳои 6-у 30 дақиқа ба амал омад.



«Тибқи маълумоти пешакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор Аюб Сафаралиеви 21-сола замони расидан ба коргоҳаш аз автомати АКМ парронда шуд», – хабар дод манбаъ.




 

Ҷинояткорон 20 ҳазор сомонии қурбонии худро гирифта, бо мошин аз маҳали ҳодиса фирор карданд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...