Нашри китоби нав дар бораи Шириншо Шоҳтемур

Чанде қабл аз ҷониби нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти унвони «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» китоби нав ба нашр расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуҳаррири нашриёти «Адиб» Гурез Сафаров хабар дод, китоб бо забони тоҷикӣ ба табъ расида, дар он осори назмӣ ва насрии адибони тоҷик бахшида ба Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур гирдоварӣ шудаанд. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл аз ҷониби нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти унвони «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» китоби нав ба нашр расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуҳаррири нашриёти «Адиб» Гурез Сафаров хабар дод, китоб бо забони тоҷикӣ ба табъ расида, дар он осори назмӣ ва насрии адибони тоҷик бахшида ба Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур гирдоварӣ шудаанд.

Ба қавли номбурда, дар китоби мазкур драмаи нахустин ва маъруфи драматург Ғанӣ Абдулло «Ситораи умед», ки соли 1964 ба чоп расида буд ва ҳамчунин драмаи шоири тоҷик Ато Мирхоҷа «Давлати баргашта» дар бораи Шириншо Шоҳтемур, ки бори нахуст нашр мегардад, дарҷ ёфтаанд.

«Дар китоб манзумаи шоир русзабони Тоҷикистон Темур Зуҳуров таҳти унвони «Шириншо Шоҳтемур» низ ҷой дода шудааст», – гуфт Г.Сафаров.

Зимнан зикр гардид, ки сарсухани китоби мазкур аз ҷониби таҳиягари он, журналист ва нависанда Қурбон Аламшоев навишта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст