Корхонаи нави истеҳсоли профилҳои пластикӣ дар Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ корхонаи нави истеҳсоли профилҳои пластикии ҶДММ «Суғд пласт» мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ иштирок кард. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумиттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 4000 тонна истеҳсоли профилро […]


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ корхонаи нави истеҳсоли профилҳои пластикии ҶДММ «Суғд пласт» мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ иштирок кард.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумиттилоъ доданд, иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 4000 тонна истеҳсоли профилро ташкил медиҳад. Дар он 5 намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Хати технологии насбгардида истеҳсоли давлатҳои Германия ва Австрия буда, ашёи хом-поливинилхлорид низ аз ин давлатҳо ворид карда мешавад.

Дар маҷмӯъ маблағи умумии сармоя барои ташкили корхонаи мазкур 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 1,9 миллион доллари ИМА барои хариди хати технологии истеҳсоли профилҳои пластикӣ сарф карда шудааст.

 Айни ҳол дар корхона барои 50 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардида, пас аз пурра ба кор даровардани иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон то ба 70 нафар расонида хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2005 то имрўз дар қаламрави мамлакат 14 корхонаҳои хурду миёна ва муштараки истеҳсолкунандаи маҳсулоти пластмассӣ таъсис дода шудааст. Дар корхонаҳои мазкур маҳсулотҳои пластмассии ба монанди қубурҳои пластмассии диаметри аз 15 то 630 миллиметр, профилҳо барои истеҳсоли дару тиреза, плёнкаҳо, борхалтаҳо, зарфҳо ва сарпўшҳои пластмасӣ, сатилу лаган, зарфҳо ва қуттиҳо барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории меваю сабзавот, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ ва ғайраҳо истеҳсол шуда истодааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар зарфи нуҳ моҳи соли равон дар корхонаҳои мазкур 41 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2011 ин корхонаҳо 35,5 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 16,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.