Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони ду бинои нав оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар маркази шаҳр ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои филиали худ бунёди бинои замонавиро оғоз намуда, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр ба сохтмони бинои истиқоматии 25-ҳуҷрадор ҳусни оғоз бахшида шуд.
Ба қавли ӯ, тӯли солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар қаламрави шаҳр ва атрофи он манзилҳои зиёди зисти инфиродӣ қомат афрохтанд, вале бинои истиқоматии мазкур яке аз нахустин биноҳоест, ки бо маблағи 7,2 млн. сомонии буҷети вилоят аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ бунёд мегардад.
Дар ҳамин ҳол, дар минтақа корҳои сохтмони роҳҳои мошингарди Балҷувон-Сари Хосор ва Шӯрообод Шоҳон низ шурӯъ шуданд.
Бино ба иттилои манбаъҳои ОИ «Азия-Плюс», барои сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар роҳи мошингарди Шӯрообод ба самти деҳаи Шоҳон дар болои дарёи Панҷ то деҳаи Хоҳони Афғонистон пул бунёд мегардад ва сохтмони иншоот ба дӯши яке аз воҳидҳои ширкати сохтмонии «Комбайн групп»-и Туркия вогузор шудааст.
Ҳарду роҳи мошингард дар манотиқи фаромадани селу ярч воқеъ буда, сохтмони панҷараҳои муҳофизатӣ дар доманакӯҳҳо ва пулҳо дар онҳо пешбинӣ шудаанд.





