Таваҷҷуҳи Лаҳистон ба рушди тиҷорат бо Тоҷикистон

Зимни мулоқот бо журналистон дар Душанбе роҳбари шуъбаи муосидат ба тиҷорат ва сармоягузорӣ, мушовири аввали сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Славомир Стшалковски изҳор кард, ки соли оянда Лаҳистон барои ҷудо кардани бурсҳои хурд ба Тоҷикистон афзалият медиҳад. Ба қавли вай, соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Лаҳистону Тоҷикистон ҳамагӣ 8,83 млн. доллари […]

Заррина Эргашева


Зимни мулоқот бо журналистон дар Душанбе роҳбари шуъбаи муосидат ба тиҷорат ва сармоягузорӣ, мушовири аввали сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Славомир Стшалковски изҳор кард, ки соли оянда Лаҳистон барои ҷудо кардани бурсҳои хурд ба Тоҷикистон афзалият медиҳад.

Ба қавли вай, соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Лаҳистону Тоҷикистон ҳамагӣ 8,83 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 ба андозаи 70% коҳиш ёфтааст, ки боиси нигаронӣ буда, яке аз сабабҳои он оғози фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ ва ҷорисозии боҷи содиротӣ аст, зеро маҳсулоти Лаҳистон тавассути Русия ба Тоҷикистон интиқол мегардид.

«Бурсҳои хурд ба ҳалли мушкилоти бахши иҷтимоӣ ва ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна дар манотиқи Тоҷикистон равона гардида, Лаҳистон дар лоиҳаи «Таҳкими бахшҳои парвариши сабзавоту мева дар Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ» фаъолона ширкат дорад ва баҳри амалисозии он дар ҳаҷми 1,2 млн. евро маблағ ҷудо шуд», – гуфт ӯ.

Сафир иброз дошт, ки тоҷирони лаҳистонӣ ба бахшҳои энергетика, дӯзандагиву бофандагӣ, чорводорӣ, кашф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок бо истифода аз технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак бештар таваҷҷуҳ доранд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Лаҳистону Тоҷикистон 6,96 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21% зиёдтар аст. Имрӯз беш аз 50 ширкатҳои лаҳистонӣ ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҷустуҷӯи шарикон баҳри роҳандозии фаъолияти муштарак мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.