Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз 1-уми ноябр ба кор шурӯъ мекунад

Date:




            





 

Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар як нишасти матбуотӣ муовини раиси мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов изҳор дошт, ки Маркази барқу гармидиҳии пойтахт аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор шурӯъ мекунад.





           

Ба қавли ӯ, дар марҳилаи аввал марказ ҳамарӯза 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 650 гигакалорий гармӣ истеҳсол хоҳад кард. «Корхона қодир аст, ки наздик ба 1 ҳазору 300 бинои шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин созад, ки ин 34,9 дарсади миқдори умумии биноҳои пойтахтро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки соли гузашта 950 адад бино бо гармиву оби гарм таъмин буданд.




           

Р.Раҳматов мегӯяд, мушкилоти асосии корхона дар норасоии гази табиӣ аст ва коршиносони Русия пас аз санҷиш истифодаи сӯзишвории омехта аз ангишт ва обро тавсия додаанд, ки аз ҷиҳати экологӣ безарар аст. «Ширкати «Барқи тоҷик» бо яке аз корхонаҳо Русия оид ба дастрасии технологияи истеҳсоли чунин сӯзишворӣ қарордод баст ва ояндаи наздик ин таҷҳизотии технологии ҷадид ба марказ оварда мешавад», – гуфт ӯ.




           

Зикр гардид, ки айни замон марказ бо сӯзишвории мазут кор мекунад, ки захираи он 20 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...