Қазоқистон вазирони молия ва раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви СҲШ-ро ба Алмаато даъват мекунад

Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки мулоқоти вазирони молия ва раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои баррасии имконоти рафъи оқибатҳои бӯҳрони кунунии молиявӣ, дар шаҳри Алмаато баргузор шавад. Дар ин бора имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои мамолики узви Созмон дар Остона – нахуствазири Қазоқистон […]

root


Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки мулоқоти вазирони молия ва раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои баррасии имконоти рафъи оқибатҳои бӯҳрони кунунии молиявӣ, дар шаҳри Алмаато баргузор шавад. Дар ин бора имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои мамолики узви Созмон дар Остона – нахуствазири Қазоқистон – Карим Масимов изҳор дошт.





 

«Бори сангини бӯҳрони молиявии ҷаҳонро ҳамаи кишварҳо мекашанд. Ба ин сабаб мо тасмим гирифтаем, ки дар ояндаи наздик вохӯрии вузарои молия ва раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро дар шаҳри Алмаато баргузор намоем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунии бозори молиявӣ дар кишварҳои узви Созмон мавриди таҳлил қарор хоҳад гирифт.



Ба гуфтаи сарварзири Қазоқистон, иштирокдорони мулоқот имкон доранд, роҷеъ ба ин масъала мубодилаи афкори судманд анҷом диҳанд. «Ин аслан барои коҳиши мизони хатароти эҳтимолӣ дар оянда ва натиҷаҳои манфии он зарур аст» – гуфт Масимов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.