Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз 1-уми ноябр ба кор шурӯъ мекунад

               Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар як нишасти матбуотӣ муовини раиси мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов изҳор дошт, ки Маркази барқу гармидиҳии пойтахт аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор шурӯъ мекунад.             Ба қавли ӯ, дар марҳилаи аввал марказ ҳамарӯза 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 650 гигакалорий гармӣ истеҳсол […]

Пайрав Чоршанбиев




            





 

Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар як нишасти матбуотӣ муовини раиси мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов изҳор дошт, ки Маркази барқу гармидиҳии пойтахт аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ ба кор шурӯъ мекунад.





           

Ба қавли ӯ, дар марҳилаи аввал марказ ҳамарӯза 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 650 гигакалорий гармӣ истеҳсол хоҳад кард. «Корхона қодир аст, ки наздик ба 1 ҳазору 300 бинои шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин созад, ки ин 34,9 дарсади миқдори умумии биноҳои пойтахтро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки соли гузашта 950 адад бино бо гармиву оби гарм таъмин буданд.




           

Р.Раҳматов мегӯяд, мушкилоти асосии корхона дар норасоии гази табиӣ аст ва коршиносони Русия пас аз санҷиш истифодаи сӯзишвории омехта аз ангишт ва обро тавсия додаанд, ки аз ҷиҳати экологӣ безарар аст. «Ширкати «Барқи тоҷик» бо яке аз корхонаҳо Русия оид ба дастрасии технологияи истеҳсоли чунин сӯзишворӣ қарордод баст ва ояндаи наздик ин таҷҳизотии технологии ҷадид ба марказ оварда мешавад», – гуфт ӯ.




           

Зикр гардид, ки айни замон марказ бо сӯзишвории мазут кор мекунад, ки захираи он 20 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.