Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ дар 10 моҳ беш аз 4,1 млрд. $

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли равон 4 млрд. 117 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12% ё худ 442 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли равон 4 млрд. 117 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12% ё худ 442 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. 905 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 87 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 1, млрд. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7%  зиёдтар мебошад.. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷмибеш аз 3 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 14,6 бештар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 68%, мошину таҷҳизот – 45%, фулузоти арзон ва маснӯоти он – 21% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 11% коҳиш ёфт. Содироти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,4 баробар, маҳсулоти минералӣ – 2,1 баробар ва металлҳои қиматбаҳо ба миқдори 37% афзуд.

Дар ҳамин ҳол, моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,3 баробар, маҳсулоти рустанӣ – 36%, маҳсулоти тайёри ғизоӣ – 15% зиёд шуд.

Воридоти гази табиӣ аз рӯйи ҳаҷм 23% ва аз рӯйи арзиш 15%  коҳиш ёфт. Тӯли моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 33,8 млн. $ 116,3 млн. метри мукааб газ ворид карда шуд.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол Русия боқӣ монда, дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 835 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Чин – 565 млн. $, Қазоқистон – 554 млн. $, Туркия – 468 млн. $, Афғонистон – 188 млн. $ ва Эрон – 187 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.