Ҳукумати пойтахт М.Кабириро ба маҳкама мекашад

Аввали ҳафтаи равон мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдории пойтахт Абдусалим Ҷӯраев хабар дод, суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии […]

Аваз Юлдошев


Аввали ҳафтаи равон мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдории пойтахт Абдусалим Ҷӯраев хабар дод, суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис шудааст.

Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун Маҳмадшариф Ҳақдодов зимни шарҳи қонун изҳор карда буд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии таъмини ҳифзи ҳавои атмосфераро дар кишвар муайян ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва корхонаву муассисаҳоро дар таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд. Ба қавли ӯ, дар қонун ҳамчунин баргузории мониторинг оид вазъи ҳавои атмосфера ва дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои қонуншиканӣ, ба шахсони масъул ҷавобгарӣ низ пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ёдшуда Муҳиддин Кабирӣ аз сатҳи пасти фарҳанги экологӣ сухан гуфта, илова намуд, ки дар пойтахт касе ба буридани дарахтону буттаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва ин кор хусусияти доимиро ба худ касб намудааст. «Дар Душанбе ба ивази гулгашту хиёбонҳо биноҳои оҳану бетонӣ қомат меафрозанд, ки ба низоми экологии шаҳр мушкилот эҷод месозанд», – гуфта буд раиси ҲНИТ.

Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ин хулосаи вакили парлумон мувофиқ набуда, дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.

«Дар Душанбе буридани дарахту буттаҳо дар асоси қарори раиси шаҳр сурат мегирад, ки ин қарор бо пешниҳоду тавсияи Раёсати ҳифзи муҳити зист қабул мегардад», – иброз дошт А.Ҷӯраев.

Дар ҳамин ҳол ӯ қотеъона ба таври оммавӣ дар пойтахт буридани дарахту буттаҳоро рад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.