ХБА Тоҷикистонро ба ташкили захоири моливу моддӣ даъват мекунад

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки захираҳои моливу моддӣ ташкил намояд, то ки ба қадре бошад ҳам, иқтисоди кишварро аз хатарҳои имконпазири берунӣ эмин нигоҳ бидорад. Коршиносони ХБА бар ин назаранд, ки бахши моливу иқтисодии ҷумҳурӣ бо бозорҳои глобалӣ ба таври кофӣ ҳамгиро нест, вале омилҳои зуҳури хатарҳои берунӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки захираҳои моливу моддӣ ташкил намояд, то ки ба қадре бошад ҳам, иқтисоди кишварро аз хатарҳои имконпазири берунӣ эмин нигоҳ бидорад.

Коршиносони ХБА бар ин назаранд, ки бахши моливу иқтисодии ҷумҳурӣ бо бозорҳои глобалӣ ба таври кофӣ ҳамгиро нест, вале омилҳои зуҳури хатарҳои берунӣ имконпазиранд.

Ба андешаи роҳбари гурӯҳи ХБА оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Данн, яке аз чунин хатарҳо интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар мебошад. «Маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар интиқолгардида қисмати зиёди даромади миллиро ташкил медиҳанд ва ҳарчанд онҳо ҷузъи истеҳсолоти дохилӣ набошанд ҳам, як омили муҳим барои иқтисоди кишвар буда, метавонанд сарчашмаи имконпазири хатарӣ берунӣ бошанд», – гуфт ӯ.

Намояндаи ХБА зикр кард, ки агар рӯйдодҳои ахири Аврупо ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ гузоранд ё ба гунаи мисол қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба қадри қобили таваҷҷуҳ поин равад, рушди иқтисоди Русия заъиф гардида, он ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон низ боис мегардад.

Бино ба маълумоти Бонки марказзии Русия, соли 2011 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода буданд, ки тақрибан 46%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли гузаштаи ҷумҳуриро ташкил дод.

Дар нимсолаи аввали соли равон бо истифода аз низомҳои интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ғайрирасмӣ (воқеӣ) беш аз 1,4 млрд доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.