Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ВКХ СҲИ

Рӯзи 15 ноябр дар шаҳри Ҷибутии Ҷумҳурии Ҷибутӣ нишасти 39-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки се рӯз идома хоҳад ёфт. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳисоботи давраи раёсати он кишвар дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии […]

ASIA-Plus


Рӯзи 15 ноябр дар шаҳри Ҷибутии Ҷумҳурии Ҷибутӣ нишасти 39-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки се рӯз идома хоҳад ёфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳисоботи давраи раёсати он кишвар дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмонро манзур намуда, роҷеъ ба дастовардҳои Созмон дар ин давра ва мушкилиҳои мавҷуда иттилоъ дод. Инчунин Дабири кулли Созмон бо ҳисоботи муфассал суханронӣ ва аз таҳавуллоти як соли ахир дар олами исломро натиҷагирӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ҷибутӣ Исмоил Умар Гелле ҳозирини нишастро хайрамақдам гуфта, дар суханронии худ аз масъалаҳои доғи олами ислом ёдовар шуд ва нақши созмон дар ҳалли он масъалаҳоро муҳим арзёбӣ намуда, аз кишварҳои узв ба амалкардҳои мушатарк даъват ба амал овард.

Нишасти навбатӣ зери шиори “Ҳамраъйӣ барои рушди устувор” баргузор гардида, дар он масъалаҳои мубрами кишварҳои узви Созмон ва олами ислом аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар кори нишаст ҳайъатҳои 57 кишвари узв, кишварҳои нозир ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок доранд

Дар ин нишаст ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикстон таҳти раҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов иштирок менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.