Вохӯрии раиси ҲНИТ дар Донишгоҳи байналмилалии Исломобод

Баъди ширкат дар конфронси «Ваҳдати уммати исломӣ», ки рӯзҳои 11 ва 12 ноябри 2012 дар Исломобод баргузор гардид, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН, дар Донишгоҳи байналмилаллии исломии Исломобод бо донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур, ки аз миллатҳо ва кишварҳои исломии мухталиф мебошанд, мулоқот намуд. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Муҳиддин Кабирӣ […]

ASIA-Plus


Баъди ширкат дар конфронси «Ваҳдати уммати исломӣ», ки рӯзҳои 11 ва 12 ноябри 2012 дар Исломобод баргузор гардид, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН, дар Донишгоҳи байналмилаллии исломии Исломобод бо донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур, ки аз миллатҳо ва кишварҳои исломии мухталиф мебошанд, мулоқот намуд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Муҳиддин Кабирӣ дар аввал дар бораи Тоҷикистон, таърихи ҲНИТ ва дар бораи вазъияти кунунии кишвар ва минтақа суҳбат кард.

Роҳбари ҲНИТ гуфт, ки Ҳизби наҳзат хоҳони ислоҳоте дар Тоҷикистон мебошад, ки онро худи ҳукумат ба даст гирад ва ҲНИТ онҳоро дар ин ислоҳот кумак хоҳад кард.

Инчунин, ҳайати ҳизб бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз Маркази таҳқиқоти сиёсӣ (Institute of Policy Studies), ки яке аз машҳуртарин ва бонуфузтарин марокизи таҳкикотӣ дар Покистон ба ҳисоб меравад, дидан карданд.

Холид Рахмон, мудири кулли марказ, баъди маълумоти мухтасаре аз марказаш гуфт, ки Маркази таҳқиқоти сиёсӣ бо ҳама сафоратхонаҳо, бахусус бо сафоратхонаҳои Осиёи Марказӣ муносибати хуб дорад.

Масъалаи вазъи минтақа пас аз баромадани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон яке аз мавзуъҳои сӯҳбат буд ва пешниҳод шуд, ки коршиносони ду кишвар ҳамкории бештар дар таҳқиқи масоили амниятӣ ва субот дошта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.