Тағйири номи чанде аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе

Чанде қабл дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум  баргузор гардид. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум  баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои хизматрасонию соҳибкорӣ, Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия масоили марбут ба амалисозии барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар солҳои 2011-2012, таъсиси комиссияҳои ваилон оид ба номгузории кӯчаву хиёбон ва майдонҳо ва ҳамчунин ҷараёни иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» баррасӣ шуданд.

Дар иҷлосия мутобиқи Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Интернатсионалнаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи ходими намоёни давлатӣ, Раиси Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, кӯчаи Баумани ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Султон Умаров, кӯчаи Проектнаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи  Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, кӯчаи Железняки ноҳияи Сино ба номи Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Ҳикмат Ризо, кӯчаи Ватутини  ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев, кӯчаи Сеченови ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Дамир Дӯстмуҳаммадов, кӯчаи Фурманови  ноҳияи Шоҳмансур ба номи  Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Фаттоҳ Одинаев ва кӯчаи Шӯраксойи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Исомиддин Соатов номгузорӣ карда шуданд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.