Таҳқиқоти меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон

Дар доираи Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили махзани маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ таҳқиқи меҳнати кӯдакон гузаронида мешавад. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, барнома аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) ва бо супориши ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад. «Барномаи […]

ASIA-Plus


Дар доираи Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили махзани маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ таҳқиқи меҳнати кӯдакон гузаронида мешавад.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, барнома аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) ва бо супориши ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад.

«Барномаи мазкур 12 моҳ давом мекунад ва гузаронидани тадқиқоти интихобӣ дар хонаводаҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки ин барои гирифтани маълумотҳои боварибахш дар бораи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кӯдакони синни 5-17 сола, давомоти ба мактаб рафтани онҳо, кор дар оила ва берун аз он, дар бораи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон имконият медиҳад», – гуфтанд дар Агентии омор.

Ба иттилои манбаъ, барои муайян намудани интихоб махзани маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 истифода карда шудааст, ҳамчунин он такмил ва дақиқтар карда мешавад. «Барои гузаронидани тадқиқот саволномаи стандартӣ дар бораи меҳнати кӯдакони Созмони Байналмилалии Меҳнат бо мувофиқгардонӣ ба шароити Тоҷикистон истифода мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки пурсиш дар хонаводаҳо аз 29 октябри соли 2012 оғоз гардида то 27 ноябри соли 2012 (30 рӯз) давом мекунад. «Тадқиқот дар худ гузаронидани пурсиш дар хонаводаҳои интихобгардида, ҳам аъзоёни калонсоли хонавода ва ҳам кӯдакони синни 5-17 соларо барои гирифтани маълумотҳои қаблан зикргардида дар бар мегирад», – афзуд сарчашмаи хабар. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.