Баъди анҷоми як ҳафтаи муайяншуда. Бег Сабур аз ниҳодҳои қудратӣ хост, иҷрои дастурҳои президентро назорат кунанд

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баъд аз як ҳафтаи мулоқот ва муҳлат додан ба кормандони бахши алоқаи кишвар ҷиҳати муайян кардани манотиқе, ки дар он суръату сифати интернет ва алоқа паст аст ё умуман вуҷуд надоранд, бори дигар ҷаласа баргузор карда, ин бор аз ниҳодҳои қудратии кишвар хостааст, ки иҷрои дастури президентро назорат кунанд. […]

Asia-Plus

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баъд аз як ҳафтаи мулоқот ва муҳлат додан ба кормандони бахши алоқаи кишвар ҷиҳати муайян кардани манотиқе, ки дар он суръату сифати интернет ва алоқа паст аст ё умуман вуҷуд надоранд, бори дигар ҷаласа баргузор карда, ин бор аз ниҳодҳои қудратии кишвар хостааст, ки иҷрои дастури президентро назорат кунанд.

Дар ин бора сомонаи Хадамоти алоқа иттилоъ медиҳад.

Ҷаласаи навбатии Бег Сабур дирӯз, 30-юми октябр, бо ҳузури масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ниҳодҳои қудратӣ баргузор гардида, дар он натиҷаҳои вохӯрии қаблӣ дар санаи 23-юми октябр баррасӣ шудааст.

Дар мулоқоти қаблӣ, Бег Сабур ба масъулини соҳа як ҳафта муҳлат дода буд, то давоми як ҳафта манотиқи бидуни интернет ва алоқаро муайян карда, дар кӯтоҳтарин фурсат мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернетро бартараф кунанд.

Дар мулоқоти ахир низ Бег Сабур ба масъулини соҳаи алоқа ва ширкатҳои мобилӣ супориш додааст, ки барои бартараф намудани норасоиву камбудиҳои дар самти таъмини тамоми минатқаҳои кишвар бо алоқаи мобилӣ ва интернет ошкоргардида корҳои амалӣ тезонида шуда, ба таври таъхирнопазир идома ёбанд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот масоили вобаста ба пардохтҳои ғайринақдӣ баррасӣ гардида, пешниҳод шудааст, ки “василаҳои анҷом додани амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет коркард шавад”.

Мувофиқа шудааст, ки “барои баррасӣ ва бартараф намудани масъалаҳои марбута мулоқотҳо миёни намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва бонҳо ва ташкилотҳои молиявӣ то расидан ба натиҷаи дилхоҳ идома ёбад”.

Ҳамчунин, Бег Сабур аз намояндагони ниҳодҳои қудратӣ даъват кардааст, ки иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишварро оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ назорат намоянд.

Бояд гуфт, ки пас аз ҷаласаи қаблӣ ва интиқоди Бег Сабур, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот низ дар як ҷаласа аз суръату сифати интернет ва алоқа дар минтақа шикоят кард.

Пештар аз ин, Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ низ аз суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ нигаронӣ намуда буд.

Бештар аз ин, раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёми охирини худ рӯзи 23-юми декабри соли 2022 аз сифари пасту нархи баланди интернет ва дигар мушкилоти алоқа интиқод карда, ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои бартараф кардани он дастбакор шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.