Вазорати мудофиа: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 75 дарсад иҷро шуд

Дар саросари ҷумҳурӣ то охири моҳи октябр 75 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, давоми як моҳи маъракаи даъват шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешсаф буда, ин минтақа то ба ҳол 80 дарсади нақшаи даъватро пурра кардааст. Вилояти Хатлон то […]

Asia-Plus

Дар саросари ҷумҳурӣ то охири моҳи октябр 75 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, давоми як моҳи маъракаи даъват шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешсаф буда, ин минтақа то ба ҳол 80 дарсади нақшаи даъватро пурра кардааст.

Вилояти Хатлон то охири моҳи октябр 79 дарсад ва вилияти Суғд 65 дарсади нақшаи даъватро иҷро намудааст.

Дар шаҳри Душанбе бошад, то кунун танҳо ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаи даъватро пурра ба анҷом расонида, даъвати дигар навоҳии пойтахт ҳамоно идома дорад. То охири мо нақшаи даъвати Душанбе 72 дарсад иҷро шудааст.

“Дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябр шаҳру ноҳияҳои Носир Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд”, – хабар медиҳад Вазораи мудофиа.

Бояд гуфт, ки дар нахустин рӯзи даъват, шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор аввалин шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонида буданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиа таъкид кардааст, “дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини ҳукуматҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонанд, дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот кам ба назар мерасад”.

“Дар ҳоли ҳозир тибқи оморҳои мавҷуда даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба зиёд будани шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ хеле хуб арзёбӣ карда мешавад”, – таъкид шудааст дар хабари Вазорат.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин мавсими тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳам хабару наворҳое аз сарбозшикор (облава) шудани ҷавонон расонаӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр шурӯъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.