“Нархи интернет боло бурда шавад, то буҷет ғанӣ гардад”. Ҷонибдории як маъули Хадамоти алоқа аз боло бурдани нархи интернет

Ширкатҳо бояд арзиши интернет ва алоқаро баланд кунанд, зеро онҳо хароҷоти зиёд доранд ва илова бар ин, бояд буҷаи давлатро пур кунанд. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Рафиқҷон Шокиров, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамот гуфт, ширкатҳо таҷҳизоти худро нав кардаанд, пас аз қатъи […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Ширкатҳо бояд арзиши интернет ва алоқаро баланд кунанд, зеро онҳо хароҷоти зиёд доранд ва илова бар ин, бояд буҷаи давлатро пур кунанд. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Рафиқҷон Шокиров, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамот гуфт, ширкатҳо таҷҳизоти худро нав кардаанд, пас аз қатъи сартосарии барқ дар моҳи март аккамулятор ва генераторҳои иловагӣ харидорӣ намуданд. Илова бар ин, буҷаи давлатро пур кардан лозим аст.

“Масъалаи аввалиндараҷае, ки дар ҳама ҷаласаҳои ҳукумат баррасӣ мешавад, ғанигардонии буҷа аст. Аз ин рӯ, ширкати Мегафон Тоҷикистон масъалаи арзиши хидматрасониро бозбинӣ намуда, ба хулосае омад, ки ҳаққи он каме ҳам бошад, бояд баланд бардошта шавад” – зикр кард Рафиқҷон Шокиров.

Ба иттилои ин масъули Хадамот, нархро танҳо як ширкат – Мегафон Тоҷикистон баланд кардааст. Арзиши тарофаҳои дигар ширкатҳои мобилӣ бетағйир мондаанд.

Ӯ ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба сабабҳои суръати пасту гаронии интернет посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, “арзишу суръати алоқа ва интернет дар Тоҷикистон вобаста ба шарту шароит ва ҳолати зиндагии имрӯзаи кишвар аст”.

Раддабандиҳо барои “сиёҳ” кардани кишварҳо?

Бояд зикр кард, ки тибқи арзёбии Mobile Data Affordability Index, арзиши миёнаи интернет дар Тоҷикистон барои 1 ГБ 1,65 доллар аст. Дар ҳоле, ки дар Қирғизистон 1 ГБ Интернет 0,17 доллар, дар Ӯзбекистон 0,30 доллар ва дар Қазоқистон 0,41 доллар арзиш дорад.

Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати дастрасӣ ба интернет яке аз зинаҳои охирро соҳиб шудааст.

Аммо Рафиқҷон Шокиров ба воқеияти ҳисоботи раддабандиҳои хориҷӣ дар бораи суръату арзиш ва дастрасӣ ба интернет шубҳа кард ва таъкид намуд, ки “дар ин ҳисобот ҳама омилҳо ба назар гирифта нашуда, онҳо барои аз зовияи бад нишон додани баъзе аз кишварҳо нашр мешаванд”.

“Дар ин гуна тадқиқот, аслан, шумораи умумии аҳолии кишвар ба назар гирифта мешавад. Дар ин баробар, кӯдакони то 5 – сола, ки қариб 2 миллион нафар аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва аз воситаи алоқа истифода намебаранд, аз ҳисоб хориҷ намешаванд” – гуфт Шокиров.

Ба андешаи ӯ, дар кишварҳои дигар кӯдакон ҳисоб намешавад, аммо “танҳо дар Тоҷикистон кӯдконро ҳам ҳисоб мекунанд”.

Ҷонибдорӣ аз баланд бардоштани нархи интернет, пофишорӣ ба дастрас будан ва суръати баланд доштани интернет дар Тоҷикистон аз ҷониби Рафиқҷон Шокиров дар ҳолест, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми қаблии худ суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи онро барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур шуморида, таъкид карда буд, ки “суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест”.

Ӯ он замон ба Хадамоти алоқа дастур дод, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Ҳамчунин, Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ корҳо дар самти беҳтар кардани сифат ва нархи интернетро нокифоя хонда, аз масъулин талаб карда буд, ки онро боз ҳам ҷоннок намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио