Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд

Дар доираи амалиёти шартии “Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард” дар роҳҳои шаҳри Душанбе аз 1 то 18-уми ноябр беш аз 1000 нақлиёт, ки соҳибонашон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карданд, боздошт ва ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурда шуда, ронандаҳои он ҷарима шудаанд. Дар ин бора аз Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, […]

Asia-Plus

Дар доираи амалиёти шартии “Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард” дар роҳҳои шаҳри Душанбе аз 1 то 18-уми ноябр беш аз 1000 нақлиёт, ки соҳибонашон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карданд, боздошт ва ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ бурда шуда, ронандаҳои он ҷарима шудаанд. Дар ин бора аз Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки аксари ин нақлиёт кирокашҳо буданд, ки дар хатти дуввуму сеюми роҳ истода, ба ҳаракати мошинҳои дигар монеа эҷод мекарданд ва ё бидуни шартнома бо ширкатҳои кирокаш кори худро идома медоданд.

“Як қисми камаш мошинҳое буданд, ки муҳлати иҷозаи сиёҳкунии шишаҳояшон гузашта буд”, – гуфтанд аз БДА.

Ҳамаи ин мошинҳо ба ҷаримагоҳҳои муваққатии БДА дар пойтахт оварда шуда, соҳибони онҳо бо қисми 1-и моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд) ҷарима шудаанд.

Ин банди қонунгузорӣ барои шахсони воқеӣ аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024-ум 72 сомонӣ), барои соҳибкорон аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои мансабдор аз 30 то 40 ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ кардааст.

Қаблан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки барои пешгирии қоидавайронкунӣ дар роҳ, бахусус танбашавии мошинҳо дар пойтахт аз 1 то 10-уми ноябр бо номи шартии “Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард” амалиёт гузаронида мешавад.

Мақомот ҳушдор дода буданд, ки дар ҳолати ошкор шудани қойдавайронкуниҳо дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ мешавад.

Он замон пулиси пойтахт аз ронандаҳо хоста буд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъан риоя карда, мошинҳои худро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт мушкил эҷод накунанд.

Вале аз БДА имрӯз, 18-уми ноябр, ба “Азия-Плюс гуфтанд, аз сабаби он ки мушкили тамбашавӣ дар Душанбе дар 10 рӯз ҳал нашуд, тасмим гирифтанд, амалиётро идома диҳанд ва маълум нест, ки он то кай давом мекунад.

“Амалиёт нест, чораҳои пешгирикунанда оид ба тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт идома меёбад. То кай маълум нест. Шояд то охири моҳ ё то чанд моҳи дигар идома кунад. Мушкил ҳалли худро наёфтааст. То бартараф кардани мушкилӣ чораҳоро идома медиҳем”,-гуфтанд аз БДА.

Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.

Мақомот ин ҳолатро ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт, дар таъмир қарор доштани баъзе роҳҳо ва садамаҳои нақиётӣ марбут медонанд.

Ҷумъахон Давлатов, муовини раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар нақлиёти Душанбе гуфта буд, ки сабаби дигари танбашавӣ дар роҳҳо аз навоҳии тобеи марказ бо мошинҳои шахсӣ ворид шудани афроде, ки дар пойтахт кор мекунад, мебошад.

Ӯ бунёди метро ва роҳҳои дутабақа ё эстакадаро аз роҳҳои ҳалли мушкилот ва осон шудани ҳаракат дар Душанбе дониста буд.

Мақомот қаблан гуфта буданд, ки аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт 20% зиёд карда мешавад.  То он вақт дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, бояд пас аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида мешуд.

Гуфта мешуд, ки мутаносибан шумори троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд карда мешавад. Шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо), ки то вақт 950 адад гуфта мешуд, ба қавли мақомот аз 1 сентябр боз 100 микроавтобуси дигар ба он илова гардид.

Шумори таксиҳо низ бояд аз 3200 адад то 3350 адад зиёд карда мешуд. Яъне дар Душанбее, ки каме бештар аз 1 миллион аҳолӣ дорад, беш аз 4500 ҳазор воситаҳои нақлиёт кор мекунанд. Ба ҷуз ин шумори мошинҳои хусусӣ маълум нест ва боз ҳамарӯза садҳо мошин аз дигар ноҳияҳо ба Душанбе меояд, ки ин шумори нақлиёти равуодошта дар пойтахтро меафзояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.