Дар Тоҷикистон талоқ камтару издивоҷ бештар шудааст

Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 феврал изҳор дошт, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 473 ҳазору 841 шаҳодатномаи ақди никоҳ дода шудааст, ки 9 ҳазору 663 адад ё худ 2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Аз ҷумла, дар кишвар 109 ҳолати ақди никоҳ бо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 феврал изҳор дошт, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 473 ҳазору 841 шаҳодатномаи ақди никоҳ дода шудааст, ки 9 ҳазору 663 адад ё худ 2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Аз ҷумла, дар кишвар 109 ҳолати ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, шумори ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо 26% кам шудааст.

Аммо вазири адлия Музаффар Ашӯриён зикр кард, ки сарфи назар аз кам шудани шумори ҷудошавии оилаҳо, ин рақам ҳоло ҳам қаноатбахш нест.

“Аз ҷониби ниҳоди мо барои пешгирии азҳампошхӯрии оилаҳо корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, бо оилаҳои ҷавон вохӯрда, суҳбатҳо мегузаронем. Ҳоло ҳам аз шумори талоқҳо қаноатбахш нестем, корро дар ин самт ҷоннок мебояд кард”, – иброз дошт вазир.

Саодатбибӣ Сироҷзода илова намуд, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 242 ҳазору 697 тифлони навзод ба дунё омадаанд.

“Бори нахуст тайи солҳои ахир теъдоди писарони навзод аз духтарон зиёд буд – мутаносибан зиёда аз 125 ҳазорписар ва 117 ҳазор духтар”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2022 ба андозаи 4,3% зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.