Муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Восеъ муовини собиқи раиси ҳамин ноҳия Алихон Худоёрзодаро ба иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ба 6,5 соли зиндон маҳкум кард. Дар прокуратура ҳолатҳои парвандаи ҷиноятиро нисбати ӯ шарҳ надоданд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, парвандаи ӯ ба тақсими нодурусти замин рабт дорад. Абдулҳай Бегаҳмадзода, додситони ноҳияи Восеъ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти […]

Додгоҳи ноҳияи Восеъ муовини собиқи раиси ҳамин ноҳия Алихон Худоёрзодаро ба иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ба 6,5 соли зиндон маҳкум кард.

Дар прокуратура ҳолатҳои парвандаи ҷиноятиро нисбати ӯ шарҳ надоданд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, парвандаи ӯ ба тақсими нодурусти замин рабт дорад.

Абдулҳай Бегаҳмадзода, додситони ноҳияи Восеъ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ҳукумати ин ноҳия гуфтааст, дар додгоҳ айби Худоёрзода тасдиқ шуд. Ӯ ҷузъиёти парвандаро шарҳ надода, вале гуфтааст, аъмоли муовини собиқи раисро муфаттишони додситонӣ тафтиш карда буданд.

Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ дар масъалаи сохтмон ва ҳамзамон раҳбари ҳайати давлатии тақсими замин моҳи феврали соли 2023 боздошт шуда буд. Муфаттишон фаъолияти ӯро аз соли 2017 ба ин сӯ тафтиш кардаанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола даҳҳо мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯши ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.